Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

8 июл дар қаламрави вилоят Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон рӯзи 8 июли соли 2019 дар қаламрави вилоят Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидааст.

Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят якҷоя бо Раёсати фарҳанги вилоят ҷиҳати ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ вазифадор гардидаанд.

Ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор шудаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда маъюбонро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд ва ҷиҳати ташкили чорабиниҳои идона барои маъюбон чораҳои мушаххас андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд 8 июл дар қаламрави вилоят Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад