Дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санги асос гузошта шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, бинои нав дар чаҳорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории саховатмандону аъзои ҳизб сохта мешавад.
Бинои сохташаванда аз ду ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавии он 500 000 сомониро дар бар мегирад.
Тибқи нақша бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бояд то охири соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд