Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Бонувон дар курси омӯзишии «Зан - сарвар» нозукиҳои роҳбариро меомӯзанд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

2 - юми июли соли 2019 дар толори «Кохи матбуот» - и шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳии курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда таҳти унвони «Зан - сарвар» баргузор гардид.

Дар он Назира Ғаффорӣ - муовини Раиси вилояти Суғд, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Ҷумъа Маҳмадалӣ , вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҷамшед Муртазозода, намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ Беҳзод Икромов ва бонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ аз рӯйи барномаи «Зан - сарвар» курси омӯзиши дуалиро бо мақсади омода кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ доир намудааст, ки марҳала ба марҳала татбиқ мегардад.

Курси мазкур дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, марҳалаи аввали он аз санаи 2 то 11-уми июли соли 2019 давом мекунад.

Дар анҷоми курс шунавандагон соҳиби диплом мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бонувон дар курси омӯзишии «Зан - сарвар» нозукиҳои роҳбариро меомӯзанд