Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Хуҷанд. Ансамбли “Дилнавоз”Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро соҳиб шуд ​

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги“Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур аз рӯи чорноминатсияи дар низомномаи озмун зикргардида 157нафар шахсони синну сол ва касбу кори гуногун иштирок намуда, истеъдоду маҳорати ҳунариву эҷодии худро манзури аъзои ҳакамон гардониданд.

Бо назардошти талаботҳои низомномаи озмун ​ 95 нафар довталабон ва аъзои дастаҳои ҳунарӣ ҷиҳати иштирок ба даври шаҳрии озмун пешниҳод ва пазируфта шуданд.

Боиси зикр аст, ки дар озмун ба ғайр аз сарояндагону навозандагон, шоирону ровиён, гурӯҳи ҳамсароён, ансамбли созҳои миллӣ, оркестри асбобҳои халқӣ низ фаъолона иштирок намуда, бо иҷрои асарҳои баландмазмун ва суруду оҳангҳо ба озмун ҳусни тоза зам намуданд.

Баъд аз пурра ба иҷро расидани баромад ва асарҳои ба озмун пешниҳодшудаи довталабон, ғолибон аз рӯи номинатсияҳомуайян карда шуданд.

Дар номинатсияи “Сарояндаи академикӣ” ҷои аввалро суруди умумии ҳамсароён “Як дона гул”, мақоми дуюмро гурӯҳи “Трио” ва ҷойи сеюмро Шерзод Абдуллозода ба даст оварданд. Дар номинатсияи “Навозандаи академикӣ”Ширин Ҳамдамова, Дилрабо Убайдулоева ва Бобоев Нурмуҳаммад мутаносибан ҷойи ифтихориро ишғол намуданд. Аз рӯйи номинатсияи “Навозандаи анъанавӣ” ҷои аввал насиби Фарҳод Ёрматов, ҷои дуюм Муҳаммадюнус Эргашев ва насиби ҷои сеюм Содирхон Убайдуллоев гардид.Сардор Солиев, ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии “Шашмақом” ва Гулноза Ғаффорӣ дар номинатсияи “Сарояндаи анъанавӣ” мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар номинатсияи “Сарояндаи эстрадӣ” Дилноза Каримова ҷойи аввал, ансамбли “Навои ҷавонӣ” мақоми дуюм ва Шерози Камол зинаи сеюмро ишғол карданд. Нозила Каримова, Наврӯз Масаидов ва Муродҷон Неъматҷонов аз рӯи номиннатсияи “Ровӣ” ғолибият ба даст оварданд. Дар номинатсияи “Оҳангсоз”Назира Ҳамдамова ва Зайниддин Каримов дастболо гардиданд. Аз рӯйи номинатсияи “Шоир” Толиби Луқмон, Азимҷони Алӣ ва Бузургмеҳри Мутрибӣ беҳтаринҳо дониста шуданд.

Ансамбли созҳои миллии “Дилнавоз” Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард ва соҳиби 5000 сомонӣ гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Ансамбли “Дилнавоз”Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро соҳиб шуд ​