Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти боз як Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ оғоз бахшида шуд.

Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ва паҳлӯи чойхонаи Сирдарё, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҷойгир буда, аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.

Ба иттилои масъулин маҷмаа дар як вақт метавонад ба зиёда аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони маркази вилоят хизмат расонад. Ҳудуди Маҷмааи истироҳатию фароғатии навбунёд бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шуда, барои истироҳати шаҳрвандон шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилоят зимни иштирок дар маросими баистифодадиҳии маҷмаа таъкид дошт, ки мавзеи мазкур дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, дар ояндаи наздик ба макони бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд табдил дода мешавад.

Дар зимн ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дода шуд, ки ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир омода намудани шиногоҳ тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард