Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

25 июн дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли  сокинони вилоятро ба солгарди навбатии Рўзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, изҳори умед намуд, ки сокинони сарбаланди вилоят минбаъд низ дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда нақши назарраси худро мегузоранд.

Зикр гардид, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва воридшавии кишвар ба марҳилаи нави тараққиёту худшиносии миллӣ ҷомеаи мо ба шарофати Ваҳдати миллӣ аз низоъҳои таҳмилӣ наҷот ёфт. Маҳз, Ваҳдати миллӣ барои пойдории Истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи воқеӣ гардид, ки тавассути он бо ибтикори дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон ба дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гашта, ба узвияти Созмонҳои умумиҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Барқарории сулҳу ваҳдат имконият дод, ки мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намояд, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофар эътироф гардад.

Ба шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои амалӣ гаштани нақшаҳои нав заминаҳо ба вуҷуд овард ва дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа марҳилаи нави бунёдкориву созандагӣ оғоз шуд.

Дар ин раванд дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, иншоотҳои азими аҳамияти умумидавлативу байналхалқидошта, аз қабили иншоотҳои соҳаи энергетика, шоҳроҳҳо, корхонаҳои бузургу миёнаи истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо, боғу гулгаштҳо ва варзишгоҳҳои мўҳташам бунёд шуда истоданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ