Хабарҳо
Азнавсозии иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид - 16.09.2019 09:50
Сидиброз Икромов дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло шуд! - 16.09.2019 09:47
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд - 16.09.2019 09:30
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36

Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом

( 0 Овоз )

Рӯзи якшанбеи 23 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар намуда, бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардиданд.

Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар ин рӯз аз минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида боздид намуда, бо сокинон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Зимни суҳбатҳо таъкид карда шуд, ки пас аз рух додани ҳодисаи табиӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фавран ситоди корӣ ташкил карда шуда, зарардидагон бо се маҳал хуроки гарм ва лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд.

Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинон аз лойу об сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва ихтиёрирон ҷалб гардида, дар муддати як ҳафта манзилҳои сокинон аз лойу об тоза карда шуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, то имрӯз ба минтақаҳои осебдида хатти барқ кашида шуда, хонаҳои сокинон дубора бо рушноӣ таъмин гардид. Дар доираи корҳои бартарафсозӣ ҳамчунин роҳҳо, селроҳаҳо тоза карда шуда, 300 метр қубурҳои обгузар хобонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла Ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва кӯчаи Бобокалонови шаҳр сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид. Тибқи иттилои масъулин дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел дар маҷмуъ 95 хонаи сокинони минтақаҳои зикршуда зарар дидааст.

Тозасозии манзилҳои сокинон аз лойу об ба итмом расида, айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии манзилҳои зарардида ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом