Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори қабули расмии Қасри Арбоб ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Сарони давлатҳо ёдоварӣ карда, таъкид доштанд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо рӯз ба рӯз мустаҳкам гардида истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки иштироки фаъолонаи соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии вилояти Фарғона дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” худ гувоҳи густариши ҳамкориҳо миёни вилоятҳост.

Таъкид гардид, ки дар чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ - Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” намояндагони 30 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Фарғона иштирок доранд ва онҳо метавонанд бо имзои шартномаҳои дуҷониба бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев аз даъват ва истиқболи самимии роҳбарияти вилояти Суғд изҳори хушнудӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва мубодилаи таҷриба ва молу маҳсулот муфид арзёбӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Фарғона яке аз минтақаҳои пешрафтаи Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, дар самти истеҳсолу коркарди пахта дастовардҳои назаррас дорад. Дар ҳудуди вилояти Фарғона 174 корхона ба коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин машғул аст.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот инчунин рушди соҳибкории миёни вилоятҳо, афзун намудани мубодилаи молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати сабукро мавриди муҳокима қарор доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев