Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29

Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ»

( 0 Овоз )

Китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» маҷмӯаи ҳайати устодон, олимони ҷавон, аспирантон ва магистрантони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тариқи нашриёти «Ношир» дастраси хонандагон гардид.

Тибқи иттилои рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" ин ду маҷмӯа мақолаҳои устодон ва олимони ҷавони соҳаро дар мавриди саҳми журналистика дар рушду нумӯи ҷомеа гирд оварда, фарогири масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир мебошад. Мутахассисон муаммо ва мушкилоти журналистикаи кишварро дар паҷӯҳишоти хеш баррасӣ намудаанд. Дар мақолаҳо вазъи матботи маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бозгӯ шудаанд.

Ташаккули меъёрҳои этикаи касбӣ, Истиқлолият ва журналистикаи сиёсӣ, махсусиятҳои журналистика дар ҷомеаи иттилоотӣ, ҷойгоҳи ҷанрҳои журналистӣ, инъикоси муаммоҳои ҷаҳонӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъоти ҳаллу фаслшудаи ин китобҳои тозанашр мебошанд.

Маводи маҷмӯаҳо барои мутахассисони соҳаи журналистика, муҳаққиқон ва рӯзноманигорони ҷавони кишвар дастурамали хуби корӣ буда метавонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ»