Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд

( 0 Овоз )

Рӯзи 15 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз ноҳияи Деваштич боздид намуд.

Дар ин рӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази  ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Яхтан бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти гуногун шинос гардид. Раиси вилоят сараввал бо рафти таъмиру мумфаршкунии роҳи даромадгоҳи ноҳия то шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дарозии ин роҳ 16,4 километр ва паҳноияш 8 - 10 метр буда, он аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ хоҳад шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, мумфаршкунии роҳ тибқи нақша идома дошта, то имрӯз наздик 8 км мумфарш карда шудааст.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Яхтан ва шаҳраки Ғончӣ бо рафти  таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, сохтмони боғчаи бачагонаву бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурии Нозироти андоз, таваллудхонаи ноҳиявӣ, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич ва хатти оби нӯшокӣ ошно шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 аз зумраи иншоотест, ки солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст. Бинои таълимӣ дорои 22 синфхона буда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардидааст ва он бо ибтикори роҳбарияти вилоят ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд. Тавре зимни боздид аён гардид то имрӯз 60 дарсади корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави муассисаи томактабии Ҷамоати деҳоти Яхтан барои қабули 240 нафар дӯстрӯякон пешбинӣ гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот тибқи нақша ҷараён дошта, то имрӯз 75 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Маркази нави саломатӣ бо 8 ҳуҷраи корӣ ба истифода дода мешавад. Дар назар аст, ки бо ифтитоҳи марказ вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан беҳтар шуда, то 10 нафар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи корӣ таъмин шаванд.

Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштичбо 100 кат ва тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Таваллудхона аз 84 ҳуҷра иборат буда, барои 100 кати беморӣ пешбинӣ шудааст. Бо ба анҷомрасии корҳои сохтмонӣ тамоми утоқҳо бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи лоиҳа сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад ва дар майдони Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бунёди нишастгоҳу фаввораҳо ва гулгаштҳо ба нақша гирифта шудааст.

Бинои маъмурии Нозироти андози ноҳияи Деваштич аз ҷумлаи дигар иншооти ҷашниест, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои кормандони нозирот шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Бинои сохташаванда аз ду ошёна  ва таҳхона иборат буда, дорои 10 утоқӣ корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Хатти оби нӯшокии шаҳраки Ғончӣ бошад бо фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бунёд гардида истодааст. Дарозии хатти мазкур 7,2 км буда, бо татбиқи пурраи лоиҳа наздик 26 ҳазор нафар бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич сохтмони беш аз 300 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз наздик 100 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд