Хабарҳо
Ворух – не анклав - 17.09.2019 00:05
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:37
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:33
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Заявление Пресс-центра Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - 16.09.2019 21:25
Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.09.2019 21:08
Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат, Камоли Ҳуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Палос - 16.09.2019 16:51
Кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва утоқҳои нозирони минтақавии Ҷамоати шаҳраки Палос аз таъмири куллӣ бароварда шуд - 16.09.2019 16:39
Суханрони намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷкистон да САҲа - 16.09.2019 15:45

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

14 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум шинос гардид.

Тавре дар аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ду агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум соли 1956 ва чаҳор агрегати дигари он соли 1957 ба кор андохта шуда, нерӯгоҳ беш аз 60 сол инҷониб фаъолият дорад. Бо гузашти солҳо имрӯз нерӯгоҳ ба таҷдид ниёз пайдо намудааст ва маҳз бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққумро ба нақша гирифтааст.

Ба иттилои масъулин имрӯзҳо корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ ҷараён дошта, барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳ наздик 150 миллион доллари ИМА равона карда хоҳад шуд.

Дар асоси лоиҳа таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВт, аз 126МВт то ба 174 МВт расонидани иқтидори нерӯгоҳ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулин ва мутахассисони нерӯгоҳ иброз дошт, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузург мавриди истифода қарор гирифт ва дар натиҷа сокинон пурра бо нерӯи барқ таъмин гардиданд. ​

Маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввалини иншооти азиму стратегии кишвар - Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” фаъол гардида, ​ таҷдиду азнавсозии иншооти дигари энергетикӣ вусъати тоза пайдо кард.

Дар ин раванд Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум низ ба таҷдид фаро гирифта мешавад, ки ҳадафи асосӣ аз ин раванд пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум