Хабарҳо
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом - 05.06.2020 15:13
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом - 05.06.2020 14:52
Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом - 05.06.2020 14:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом - 05.06.2020 13:55
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ройгон анҷом дода мешавад - 05.06.2020 12:48
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 05.06.2020 11:23

Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Бӯстон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят сараввал ба манзили истиқоматии ходими сиёсӣ Оқил Оқилов ташриф оварда, зимни суҳбат аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдовар шуд ва саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки Оқил Оқилов фаъолияти кории худро пас аз хатми Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москва оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият бурдааст. Мавсуф солҳои дароз дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода сипас аз ҳоли собиқ раиси кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод Ҷӯра Шокиров хабар гирифт.

Аёдатшудагон зимни суҳбатҳо бо Раиси вилоят барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки чунин муносибат ва ғамхорӣ ҳар як фарди соҳибдилро водор мекунад, ки новобаста аз синну сол барои шукуфоии диёр саҳмгузор бошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд