Таъсиси Ситоди кории вилоятии амалиёти "Кӯкнор - 2019"

( 0 Овоз )

Дар вилояти Суғд дар ду марҳила - аз 1 июн то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2019 амалиёти "Кӯкнор-2019" гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Амалиёти "Кӯкнор-2019" бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ошкору нобуд кардани растаниҳои худрӯйи нашъаовар гузаронида хоҳад шуд.

Дар асоси қарори мазкур ҷиҳати роҳбарӣ ва назорату ҳамоҳангсозӣ дар назди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Ситоди кории вилоятии амалиёти "Кӯкнор - 2019" ташкил мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share