Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2019» ба тасвиб расид

( 0 Овоз )

Бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2019» озмуни вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят метавонанд бо Низомномаи озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2019» шинос гардида, ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди маводи ҷолиб корбарӣ намоянд.


Низомномаи

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ

таҳти унвони «Хомаи созанда - 2019»


1. Муқаррароти умумӣ


1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда – 2019» (минбаъд Озмун) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида мешавад.

2. Ҳадаф ва вазифаҳои Озмун:

- ҳадаф пеш аз ҳама барои муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд;

- сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб;

- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон;

3. Ташкил ва таъмини баргузории Озмун ба уҳдаи шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят вогузор мешавад.

2. Шарт ва талаботи Озмун

4. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.

5. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бояд ҳадафи асосии маводи журналистиро ташкил диҳад.

3. Мавзӯъ ва номинатсияҳо

6. Иштироккунандагони Озмун дар мавзӯъ ва номинатсияҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

а) Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот:

- инъикоси ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, таҳлилу баррасии дастовард ва мушкилоти деҳот, вазъи муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар ҷамоатҳо, нақши соҳибкорону саховатмандон дар ободонии маҳал, дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рафти татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот.

б) Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ:

- муаррифии минтақаҳои гуногуни кишвари биҳиштосо ва манзараҳои табиат, урфу анъанаҳои мардумӣ, ҷараёни татбиқи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, эҳё, ташаккул, рушд ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи ҳунармандӣ ба мисли бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, рассомӣ, ҷалби бештари занону духтарон ба корҳои хонагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ.

в) Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат:

- инъикоси ҷараёни саноатикунонӣ, саноатикунонии босуръат-ҳадафи чоруми миллӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноат, фаъолияти мунтазами корхонаҳои хурди саноатӣ, самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, омӯзиши сабабу омилҳои корхонаҳои бозистода;

г) Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ:

- нақш ва саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озқаворӣ,  дастовард ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти бунёди гармхонаву сардхонаҳо, шинос намудани кишоварзон бо навовариҳои соҳа тавассути маводи журналистӣ, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин, рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзии дохиливу хориҷӣ.

ғ) Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаҳои мардумӣ тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва фоторепортаж (маводи видеоӣ ва аксҳо).

7. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ;

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ;

- Маводи чопӣ ва интернетӣ;

8. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли  нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора  ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи радио ва телевизион бо пешниҳоди афзори CD/DVD ё ҒSV ба забони пахши барнома пешкаш гардад.

9. Ҳар як иштирокчии Озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд.  Дар Озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ   силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад.

10. Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2019 то 1 октябри соли 2019 пахш ва ё нашр гардида бошад.

11. Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар Озмун  аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2019 муқаррар карда мешавад.

4. Талабот ба мавод

12. Маводи ба Озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин  нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешавад:

- аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;

- риояи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ;

- далелнокӣ, аслияти баён ва умқи  ифшои мавзӯъ;

- фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;

- истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил;

- аҳамияти амалии мавод;

- дақиқият, оммафаҳмии забони мавод  ва тарзи баён;

- муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;

- фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати  мавод  ба

меъёрҳои озмун.

13. Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои  тиҷоратӣ  дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи Озмун баррасӣ нахоҳанд шуд.

5. Тартиби ҷамъбасти Озмун

14. Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил мебошанд, ҷамъбаст мегардад.

15. Ҳайати  ҳакамон то 10 ноябри соли 2019  натиҷаҳои Озмунро ҷамъбаст менамояд.

16. Ғолибони Озмун бо диплом ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ мешаванд.

17. Аъзои ҳакамон наметавонанд маводи худро ба Озмун пешкаш намоянд.

6. Тақдиронидани ғолибони Озмун

18. Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи 5 номинатсия барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ ғолибият дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:


Номгӯи номинатсияҳо

Маводи телевизионӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи радиоӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи чопиву интернетӣ ва  ҷойҳои ифтихорӣ

1.

Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм   3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

2.

Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум  4000 сомонӣ

ҷои 2-  юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм  1500 сомонӣ

3.

Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат


ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

4.

Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм  3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм  3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

5.

Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаҳои мардумӣ тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва фоторепортаж(маводи видеоӣ ва аксҳо)



ҷои 1-ум 5000 сомонӣ




ҷои 2-юм

4000 сомонӣ




ҷои 3-юм

3000 сомонӣ



Share