Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат”

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ аз масъулин даъват менамоянд, ки ба масъалаи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва шуғл варзидани ҷавонон ба варзиш диққати ҷиддӣ диҳанд.

Қайд кардан лозим аст, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Сипас, мусобиқа оғоз ёфт ва шоҳмотбозони синну соли гуногун барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” миёни ҳам сабқат намуданд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 600 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доранд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом, ҷом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат”