Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Мастчоҳ. Сокинон тавассути ҳашари дастаҷамъӣ ба як нафар ятими кулл хонаи истиқоматӣ бунёд менамоянд

( 0 Овоз )

Сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ тасмим гирифтанд, ки тавассути ҳашари дастаҷамъӣ ба як нафар ятими кулл хонаи истиқоматӣ бунёд намоянд.

9 июн сохтмони хонаи истиқоматии Шукрулло Боқиев, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ки бо амри тақдир аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум мондааст, оғоз ёфт.

Нашрияи маҳаллии “Нигоҳи халқ” бо нашри гузорише иттилоъ дод, ки рӯзи якшанбе  мардуми ҷамоат дар ин ҳашар фаъолона ширкат варзиданд. Ба иттилои манбаъ то ҷашни Ваҳдати миллӣ сохтмони хонаи истиқоматӣ пурра ба анҷом расонида мешавад.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо ятимони кулл таъкид намуда буданд, ки “ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам, ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям.” Аз ин рӯ ман худро ҳеҷ вақт танҳову бечора эҳсос намекунам, ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат дардноктарин эҳсос – набудани падару модар дар ҳаёти моро сабук месозад, - гуфтааст Шукрулло Боқиев дар суҳбат бо хабарнигорони нашрия.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 27 нафар ятимони кулл зиндагӣ дошта, ба онҳо мунтазам кӯмакҳои молию моддӣ рсонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Сокинон тавассути ҳашари дастаҷамъӣ ба як нафар ятими кулл хонаи истиқоматӣ бунёд менамоянд