Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Дар мусобиқаи вилоятӣ 32 нафар шоҳмотбозон иштирок намуданд

( 0 Овоз )

Бори нахуст бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди  соҳибистеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар мактаб – интернати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 32 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат варзиданд ва ба дониши зеҳнии шоҳмотбозон ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳогузорӣ намуданд.

Байни писарон Шоҳҷаҳон Саидов, хонандаи синфи 6 аз ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми аввалро касб намуд. Зинаҳои баъдиро Шаҳобиддин Мӯминов, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Исфара, Санҷар Ҳакимов, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Истаравшан ва Абдураҳмон Тошхӯҷаев,  хонандаи синфи 7 аз шаҳри Исфара ишғол намуданд.

Дар байни духтарон ҷойи аввалро Рухшона Саидова (ноҳияи Ҷаббор Расулов) соҳиб шуд. Зинаи дуюмро Ойсаҷон Миршарофова (шаҳри Истаравшан) ва ҷойи сеюмро Шоҳсанам Ҷумъаева(шаҳри Истаравшан) ишғол карданд.

Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар мусобиқаи вилоятӣ 32 нафар шоҳмотбозон иштирок намуданд