Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Пирӯзии наврасони тоҷик дар фестивали байналхалқии истеъдодҳои наврас - "Бозторгай"

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон фестивали ХХI байналхалқии истеъдодҳои наврас бо номи "Бозторгай" баргузор гардид, ки дар он наврасони тоҷик низ иштирок намуданд.

Дар фестивал инчунин ҳунармандони навраси давлатҳои Итолиё, Булғория, Исроил, Арманистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунарнамоӣ карда, санъати миллии хешро намоиш доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро ду нафар сохибистеъдодҳо - Сурайё Акрамова, донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ва Камолиддин Худоймерганов, дастпарвари Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карданд.

Ин ҳунармандони наврас аз рӯи жанри навозандагӣ баромад карда, санъати асили тоҷиконро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Ҳакамон, ки иборат аз мутахасисони варзидаи соҳаи санъат, ҳунармандони машҳури мамлакатҳои дар озмун ширкаткунанда буданд, ба санъати нотакрори намояндагони ҷумҳурии мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, ба Сурайё Акрамова дар гуруҳи синнусолии худ ҷои аввал ва ба Камолиддин Худоймерганов дар гуруҳи дигар ҷои дуюмро муносиб донистанд.

Наврасони соҳибҳунар бо сари боло ва диплому туҳфаҳои озмун ба Ватанбаргаштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пирӯзии наврасони тоҷик дар фестивали байналхалқии истеъдодҳои наврас - "Бозторгай"