Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Масъулини шаҳри Гулистон аз аҳолӣ даъват намуданд, ки​ қоидаҳои беҳдоштиву санитариро риоя намоянд - 04.06.2020 14:33
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
НИҚОБ ПӮШЕД, ФОСИЛАИ БАЙНИ ЯКДИГАРРО РИОЯ НАМОЕД! Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 04.06.2020 11:47
Бозори марказии «Панҷшанбе» ва атрофи он безарар гардонида шуд - 04.06.2020 11:45

Хуҷанд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» 600 нафар иштирок карданд

( 2 Овоз )

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳр дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ дониши хешро дар назди доварон санҷиданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Шоҳҷоиза насиби Фирӯза Шарипова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №10 гардид. Барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо маблағи пулии шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маҷмуъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар фаъолона иштирок намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» 600 нафар иштирок карданд