Конибодом. Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад

( 1 Овоз )

​Дар шаҳри Конибодом бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид. Барои бартараф намудани оқибатҳои сел сокинони шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сарбозони қисми низомии 04080 ва ихтиёриён ​ ба кӯмаки зарардидагон шитофтанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, барои расонидани кӯмак аз Корхонаи фаръии обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1-и вилояти Суғд 95 нафар, аз шаҳри Исфара 30 нафар ва аз ноҳияи Мастчоҳ 10 нафар ба шаҳри Конибодом омадаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Конибодом дар минтақаҳои осебдида ситод ташкил карда шуда, нуқтаҳои тиббӣ амал мекунанд ва гуруҳи ихтиёриён дар хизмати аҳолии зарардида қарор дошта, сари вақт ёрӣ мерасонанд.

-Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо чанд нафар мутахассисони муассисаи давлатии Идораи роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд ва роҳбарияти муассиса низ дар Конибодом қарор дошта, бо истифода аз панҷ адад техникаи пуриқтидор дар тоза намудани роҳҳо ёрии амалӣ расонида истодаанд, - афзуд манбаъ.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share