Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии озмуни “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” доир шуд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар озмун ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯйи номинатсияҳои «Кандакорӣ», «Гаҷкорӣ» ва «Оинабандӣ» ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷагирии ҳайати доварон дар номинатсияи «Кандакорӣ» ҳунармандон – Бобоев Баҳодур ва Набиев Додоҷон аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон, дар номинатсияи  «Гаҷкорӣ» ҳунарманд Ҳофиззода Шоҳэраҷ аз Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ва дар номинатсияи «Оинабандӣ» ҳунарманд Бобоева Зулайхо аз Ҷамоати шаҳраки Обшорон ғолибият ба даст оварданд.

Ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии озмуни “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” доир шуд