Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Аҳмадҷон Қосимовро аёдат кард

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

30 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Фитр ба манзили истиқоматии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят доимо аз ҳоли собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хабар мегирад ва ба хизмати арзандаи чунин шахсон арҷ мегузорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз фаъолияти пурсамари Аҳмадҷон Қосимов ёдовар шуда, иброз дошт, ки кору пайкори содиқонаи чунин пирони рӯзгор барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.

Дар навбати худ Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардошт.

Ёдовар бояд шуд, ки Аҳмадҷон Қосимов солҳои тӯлонӣ дар вазифаи мудири участкаи Унҷӣ фаъолият бурда, ҳамчун кишоварзи ботадбир барои фаровонии ҳосил ва серию пурии дастархони мардум ҳиссаи назаррас гузоштааст ва ҳамчун устоди пахта бо ордену мукофотҳои давлатӣ кадрдонӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Аҳмадҷон Қосимовро аёдат кард