Хабарҳо
Ворух – не анклав - 17.09.2019 00:05
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:37
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:33
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Заявление Пресс-центра Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - 16.09.2019 21:25
Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.09.2019 21:08
Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат, Камоли Ҳуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Палос - 16.09.2019 16:51
Кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва утоқҳои нозирони минтақавии Ҷамоати шаҳраки Палос аз таъмири куллӣ бароварда шуд - 16.09.2019 16:39
Суханрони намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷкистон да САҲа - 16.09.2019 15:45

Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адрас» - ро тарроҳ Бердиева Орзугул соҳиб шуд

( 2 Овоз )

30 май дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нигора Ғаффорзода, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, фаъолзанон, тарроҳону дӯзандагон Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор гардид.

Фестивали мазкур бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби либосҳои аз матои табиӣ омодашуда бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ ва зебоипарастӣ доир гардида, дар он тарроҳону дӯзандагони беҳтарини вилоят иштирок намуданд.

Фестивал аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра”, “Беҳтарин либоси идона”, “Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассомон” “Беҳтарин матои атлас” ва “Беҳтарин матои адрас” ҷараён гирифт ва ҳайати ҳакамон пероҳанҳои тарроҳонро аз рӯи зебогӣ (намуди эстетикӣ) ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ баҳогузорӣ карданд.

Ҳамин тариқ, дар бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона» ҷойи якум насиби Ҷалолова Ҳанифа, ҷойи дуюм насиби Самадова Биҳанифа, ҷойи сеюм насиби Аҳророва Амонҷон гардид.​

Дар бахши «Беҳтарин либоси расмӣ» ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Нурбоева Зебо, Норчаева Саодат ва Каримова Дилафрӯз соҳиб шуданд. Мақомҳои ифтихории бахши «Беҳтарин либоси рӯзмарра»-ро Ашӯрматова Каромат, Масобирова Машҳура, Муҳаммадиева Зиёда ишғол намуданд.

Сабурова Мамлакат, Ниёзова Матлуба ва Раҳматова Маърифат ғолибони бахши «Беҳтарин либоси идона» дониста шуданд.

Рассом ва ҳунарманд Орифова Иноят ғолиби бахши “Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассом” эълон гардида, дар бахши “Беҳтарин матои адрас” Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ба номи Зулфия Баҳриддинова ва дар бахши “Беҳтарин матои атлас” ҶДММ “Атласи Хуҷанд” пирӯз гардиданд.

Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адрас» - ро тарроҳ Бердиева Орзугул ба даст овард.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони фестивал аз 800 то 1500 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 3000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адрас» - ро тарроҳ Бердиева Орзугул соҳиб шуд