Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Оғози мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палос ва кӯчаи ба номи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

29 - уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ ва мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳусни оғоз бахшид.

Мавриди зикр аст, ки масофаи умумии роҳи мумфаршшаванда 12,3 километр ва паҳноияш 7 метр буда, аз мавзеи «Ором» - и шаҳри Хуҷанд то Боғи миллии «Ваҳдат» - ро фаро хоҳад гирифт.

Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва он аз ҷониби ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» амалӣ мегардад.

Ҳамзамон, кӯчаи мазкур, ки аз шаҳраки Палос ва маҳаллаи Обшорон мегузарад, то гардиши роҳи Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чароғон карда мешавад.

- Ин иқдом дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба ободӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад, - изҳор дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо сокинони ин минтақа.

Раиси вилоят ба масъулин ва роҳсозон дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ, чароғонкунӣ ва мумфаршкунии роҳ эътибори зарурӣ диҳанд.

Дар ин рӯз ҳамзамон мумфаршкунии кӯчаи ба номи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд низ оғоз гардид. Пудратчии корҳои сохтмонӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, роҳи мазкурро ҶДММ «Тоҷроҳ» мумфарш менамояд. Ба ин мақсад аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3,6 миллион сомонӣ ҷудо шуда, масофаи умумии роҳ 2,8 километр ва паҳноии он 10 – 11 метрро дарбар мегирад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ин минтақа, ки асосан маҳаллаи Навбаҳор ва Чашмаи Арзанаро дарбар мегирад, мулоқот намуда, сокинонро ба ободкорӣ ва боз ҳам зеботар намудани маҳалли зист даъват намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди корҳои созандагӣ ба Истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ба ин муносибат дар вилоят беш аз 6500 иншоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд мегарданд. То ин дам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 2400 иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ ба масофаи беш аз 100 километр роҳҳои мошингард мумфарш хоҳад шуд. Ҳамчунин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд роҳи деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ мумфарш ва таъмиру тармим мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палос ва кӯчаи ба номи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд