Оғози сохтмони бинои нави таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби бинои нави таълимӣ мегарданд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таълимӣ санги асос гузошта шуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар саросари вилоят корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бошад мактабҳои садамавӣ бартараф ва даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёду ба истифода дода хоҳад шуд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз зумраи чунин иншоотест, ки бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад. Бинои мазкур барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 12 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Нарзулло-2008» ба анҷом мерасонанд.

Ба иттилои масъулин айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 се ҳазор хонанда дар се баст таҳсил доранд. Аз ин лиҳоз, зарурати сохтмони бинои иловагӣ пеш омадааст.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят дастур дод, ки сифати корҳои сохтмониро мунтазам назорат намоянд.

Ҳамзамон барои ҳарчӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба боғча дар ҷамоат сохтмони як кӯдакистон низ ба нақша гирифта шуд. Тибқи дастури роҳбари вилоят лоиҳаи иншоот омода гардида, дар ояндаи наздик бунёди кӯдакистон низ оғоз меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Share