Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Дар шаҳри Бӯстон ятимони куллро аёдат намуданд

( 1 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва дастгирии шахсони саховатманду ходимони дин кӯдакони ятими кулл ва бепарастор ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда истодаанд.

Аз ҷумла, чанде қабл бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади идона доир гардид. Нахуст Раъно Ҳошимзода ба 14 нафар ятимони кулл, ки аксарият дар муассисаҳои таълимии шаҳр таълим мегиранд, маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Сипас, роҳбари шаҳр 76 нафар ятимони кулл, бесаробон ва нимятимро, ки дар мактаб-интернат таълим мегиранд ба иду ҷашнҳои дар пеш истода таҳният гуфта, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Дар ин рӯз баҳри тарбиятгирандагони мактаб-интернат дастурхони идона густурда шуда, аз ин иқдоми наҷиб хотири онҳо болида гардид.

Кӯдакони ятиму бепарастор изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Бӯстон ятимони куллро аёдат намуданд