Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

28 майи соли 2019 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.

Муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода дар чорабинӣ иштирок  ва суханронӣ намуда, аз номи Раиси вилоят сарбозону афсарони шуҷои Қӯшунҳои сарҳадии вилоят ва хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳро ба ифтихори Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфт.

Мавриди зикр аст, ки соли равон ба таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, бисту панҷ сол пур мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷумлаи сохторҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон буда, дар баробари муҳофизати сарҳади давлатӣ тамомияти арзии мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва амнияти сокинони кишварро сарбаландона таъмин менамоянд. Яъне, сарҳадбонони мо қарзи фарзандии худро дар назди Ватан - модар, халқи тоҷик ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҷасуронаву далерона ба ҷо оварда истодаанд».

- Таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бонангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, ҳатто ҷони худро дареғ надошта, ҳар як ваҷаб хоки онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу эҳтиёт кардаанд.

Корномаҳои меҳанпарастонаи онҳо барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун сабақи зиндаву омӯзандаи таърихӣ хизмат карда, хусусан ҳомиёни марзу буми Ватанро водор месозанд, ки рисолати касбии хешро минбаъд низ ҳамчун вазифаи муқаддас дар назди халқу Ватан поквиҷдонона ва садоқатмандона адо намоянд, - зикр дошт муовини Раиси вилоят.

Воқеан ҳам дар як муддати кӯтоҳ Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷои холӣ, бе ягон базаи моддию техникӣ таъсис дода шуда буд, ба як воҳиди мукаммали дорои иқтидори мудофиавӣ табдил ёфта, вазифаи пуршараф ва муқаддаси дар наздаш гузошташуда - ҳифзу ҳимояи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона адо намуда истодааст.

Аввалин санаде, ки ба таъсис додани Қӯшунҳои сарҳадӣ замина гузоштааст, ин қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 1992, №981 мебошад, ки дар асоси ин қарор дар назди Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бригадаи таъиноти махсуси марзбонон ташкил карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 1994, рӯзи 28 – май ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Иди касбии сарҳадбонон таҷлил мегардад.

Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ҳама намуди яроқу аслиҳа, сару либос, таҷҳизоти алоқа, техникаи ҳарбӣ ва шароитҳои хизматию маишии ба талаботи замони муосир мутобиқ таъмин буда, марзу буми Ватани азизамонро шабонарӯзӣ ҳифзу ҳимоя менамоянд.

Дар вазъияти мутантан ба афсарону сарбозони фаъолу шуҷоъи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва қисмҳои беҳтарини ҳарбӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманди Раиси вилоят тақдим гардид.

Барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ба чорабинӣ хотима бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ