Хабарҳо
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35
Суғд: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд - 03.04.2020 11:21
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд” - 03.04.2020 10:24
Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт) - 02.04.2020 17:13
Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ) - 02.04.2020 17:11
Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад - 02.04.2020 16:37

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии “Муаммо ва дурнамои ташаккули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда”дар ДДХ

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммо ва дурнамои ташаккули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда” бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар конфронс устодони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи политехникии Донишггоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ғайра ширкат варзиданд.

Конфронсро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшид ва сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода суханронӣ намуд. Мавсуф баргузории конфронсро амри муҳим ва саривақтӣ маънидод карда, зикр дошт, ки баргузории чунин конференсияҳо аз як тараф барои муттаҳид сохтани иқтидори нерӯи илмии кишвар мусоидат намояд, аз ҷониби дигар баҳри баланд бардоштани маҳорат ва малакаи фаъолияти омӯзгорӣ замина фароҳам меоварад.

Баъдан ширкаткунандагон доир ба зарфияти низоми салоҳиятнокӣ ва ташакули касбӣ-педагогии омӯзгорони оянда табодули афкор намуданд.

Конференсияи мазкур бо фарогирии 60 мақолаи устодони муассисаҳои олии кишвар бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар 5 бахш дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷараён гирифт.

Дар бахшҳо масоили “Татбиқи низоми таълими салоҳиятнокӣдар омодагии касбии омӯзгори оянда”, “Анъанаҳо ва навгониҳо дар ташаккули салоҳияти касбии омӯзгори оянда”, “Муаммоҳои таълим ва тарбияи насли наврас дар низоми таҳсилоти умумӣ”, “Назария ва методикаи таълими силсилаи фанҳои тахассусӣ” ва “Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва имконияти тарбиявии раванди таълим дар омодагии касбии омӯзгори оянда” аз ҷониби устодони соҳибтаҷриба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии “Муаммо ва дурнамои ташаккули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда”дар ДДХ