Хабарҳо
Ворух – не анклав - 17.09.2019 00:05
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:37
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:33
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Заявление Пресс-центра Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - 16.09.2019 21:25
Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.09.2019 21:08
Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат, Камоли Ҳуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Палос - 16.09.2019 16:51
Кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва утоқҳои нозирони минтақавии Ҷамоати шаҳраки Палос аз таъмири куллӣ бароварда шуд - 16.09.2019 16:39
Суханрони намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷкистон да САҲа - 16.09.2019 15:45

Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишие, ки барои даёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд доир шуд, соҳиби 102 медали тилло ва 72 медали нуқра гардиданд

( 0 Овоз )

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2018 ва панҷ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 124 иншооти варзишӣ ба маблағи 12 миллиону 490 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 26 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими ҷамъбастии чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон иттилоъ дод.

Раиси вилоят қайд кард, ки ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина бахшида ба Рўзиҷавонони Тоҷикистон мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рўи 15намуди варзиш бо ҷалби варзишгарон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин мусобиқаҳо варзишгарони вилояти Суғд соҳиби 102 медали тилло ва 72 медали нуқра гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки баҳри таъмини оммавияти варзиш ва муҳайё намудани шароити мусоид барои варзишгарон дар вилоят 2500 иншооти варзишӣ амал мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишие, ки барои даёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд доир шуд, соҳиби 102 медали тилло ва 72 медали нуқра гардиданд