Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Хуҷанд. Урдугоҳи «Парвоз» бо 700 ҳазор сомонӣ таъмир карда мешавад

( 0 Овоз )

Урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта гирифта шудааст. 

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ҳудуди урдугоҳи «Парвоз» беш аз 5, 6 гектарро ташкил намуда, дар он 4 бинои хобгоҳи умумии истироҳатӣ бо фарогирии беш аз 200 нафар истироҳаткунандагон мавҷуд аст. Дар истироҳатгоҳ дар баробари ошхона, ҳавзи шиноварӣ ҳамзамон амфитеатр, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуд буда, то мавсими нави истироҳату фароғати наврасон он омода карда мешавад.

То имрӯз як қатор корҳои асосӣ, аз ҷумла таъмири роҳравҳои асосии урдугоҳ дар ҳаҷми 500 метри мураббаъ, ҳавзи оббозӣ, чароғоннамоӣ, ошхона ва ғайраҳо ба анҷом расида, дар дигар самтҳо корҳо босуръат идома дорад. Пудратчии корҳо "ҶДММ СУ-5" буда, алҳол беш аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ дар ин мавзеъ машғули коранд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Урдугоҳи «Парвоз» бо 700 ҳазор сомонӣ таъмир карда мешавад