Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Имсол дар Хуҷанд се шиногоҳ ба сокинону сайёҳон хизмат мерасонад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Имсол дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд се шиногоҳ ба сокинону меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи кунунии шиногоҳҳои соҳили Сирдарё иттилоъ дода шуд.

Нимаи аввали рӯзи 17 май Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо вазъи шиногоҳи назди варзишгоҳи “Лочин” шинос гардида, аз ҳолати ногувори ин шиногоҳ, ки солҳо инҷониб истифода нашудааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо мақсади муаррифии зарфиятҳои соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳону гардишгарон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шиногоҳи мазкур барқарор карда шуда, ба истифодаи сокинон вогузор хоҳад шуд.

Дар ин замина ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон дастур дода шуд, ки барои пурра омода намудани шиногоҳи назди варзишгоҳи “Лочин” ва бо тарҳи муосир ороиш додани он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта шуд, ки дар ин минтақа сохтмони тарабхонаи брендии “Форел” низ идома дорад ва бешак ин мавзеъ ба яке аз маконҳои зебову дӯстдоштании сокинону сайёҳон табдил хоҳад ёфт.

Сипас, Раиси вилоят бо вазъи кунунии шиногоҳи соҳили рости дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд аз наздик ошно шуд. Шиногоҳи ин мавзеъ, ки дар замони собиқ Иттиҳод Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш дар истифодаи умум қарор надошт, соли гузашта бо ибтикори роҳбарияти вилоят аз нав фаъол гардида буд.

Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати нав намудани реги шиногоҳ, бунёди майдончаҳои варзишӣ барои бозии волейбол ва футбол, омодасозии ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят ҳамзамон ҷараёни корҳои сохтмониро дар маҷмааи истироҳатию фароғатӣ ва шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар наздикии чойхонаи Сирдарё, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев бунёд гардида, аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.

Дар аснои шиносоӣ Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо ва то мавсими нав омода сохтани маҷмаа ба роҳбарияти шаҳр тавсияҳо дод. Таъкид карда шуд, ки то 1 июни соли равон бояд ҳар се шиногоҳи соҳили дарёи Сир пурра омода гардида, мавриди истифода қарор дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имсол дар Хуҷанд се шиногоҳ ба сокинону сайёҳон хизмат мерасонад