Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН БАЛАНД МЕРАВАД. Мулоҳизаҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар му

( 0 Овоз )

Мулоҳизаҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа академик Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА перомуни Конфронси байналмилалии  сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», ки имрӯз дар Душанбе ба кори худ шуруъ намуд,  дар зер пешниҳоди хонандагон гардонида мешаванд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд табдил ёфта, имсол дар мамлакат якчанд маъракаҳои муҳими илмӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, ки ҳар кадом аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво аҳаммияти глобалӣ барои минтақа ва ҷаҳон доранд.

Дар мамлакат якчанд санадҳои муҳим, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯиеро тақозо менамояд, ки ба бартараф намудани омилҳои идеологӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равона шуда бошад.

Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» яке аз онҳо буда, дар мубориза ба муқобили зуҳуроти хатарбори чаҳони муосир нақши калидӣ мебозад, ки дирӯз ва имрӯз дар «Кохи Сомон» доир мегардад. Дар ин конфронс намояндагони баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ иштирок намуда, назару андешаҳои худро ҷиҳати пешгирии ин вабоҳои аср баён менамоянд.

Дар ҳақиқат, ин зуҳуроти замони муосир буда, солҳои охир ба тамоми олам хатар оварда, хисороти зиёдеро ба бор меорад. Асоси онро кушторҳои беасос, таркишҳои пайдарпай, шиканҷаҳои даҳшатбор, қурбониҳои касношунид, талабҳои ғайриинсонӣ ва мудохила дар умури давлатдорӣ ташкил намуда, бо ин восита ҳазорҳо тан хонавайрон, сарсону саргардон ва садҳо кӯдак овораву дарбадар гардидаанд. Танҳо бо иллати муноқишаҳои мазҳабию динӣ гурезагон беш аз як миллионро ташкил карда, бештарашон азияти рӯҳӣ, моддӣ ва маънавӣ мекашанд. Дар бисёр кишварҳо бошад, урдугоҳҳои гурезагон таъсис ёфта, бошандагони он дар вазъияти бисёр сангин умр ба сар мебаранд ва азоби ташнагӣ ва гуруснагӣ кашида, аз хонаву кошона, маҳаллу деҳа ва шаҳру ноҳияҳояшон дур умр ба сар мебаранд.

Ҳар кадоми мо тариқи воситаҳои ахбори омма мебинем, ки ҳар рӯз дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Шарқи Миёна даҳҳо таркиш рух дода, садҳо нафар ҷони худро аз даст дода истодаанд. Махсусан, дар кишварҳои арабӣ вазъ хело муташанниҷ буда, гурӯҳҳои ифротӣ, террористони ашаддӣ бо ҳар роҳу восита вазъи оромро халалдор карда, тавассути хоҷагони худ ҷони одамони бегуноҳро дар хатар монда, даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз байн бурда истодаанд.

Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи дӯсти Афғонистон сарҳади тӯлониро дорад ва мутаассифона вазъи имрӯзаи ин давлат тақозо менамояд, ки ба мавзӯи таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ таваҷҷуҳи бештар сурат гирад.

Ба ҳамин хотир аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар кишвари ҳамсоя борҳо дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ иброз гардидаанд, ки “…мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад”.

Ин таъкиди Сарвари давлат сабабҳои ҷиддӣ дорад, зеро вазъи ногувор дар минтақа, махсусан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯз то рӯз мураккаб шуда, дар вилоёт ва маркази шаҳру қарияҷоти он гурӯҳҳои ифротӣ аз дигар кишварҳо ҷамъ омадаанд. Ин гурӯҳҳо ҳатто ба кӯдакону занон раҳм намекунанд, онҳоро зери машаққату шиканҷа қарор дода, азоб медиҳанд ва бо баҳонаи «ҷиҳод» бошишгоҳу манзилҳоро тарконида, одамони бегуноҳ ва маконҳои осудаву оромро ба гирдоби муноқиша, низоъ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ мекашанд. Бо ҳамин роҳ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ аз байн рафта, садҳо иншооти иҷтимоӣ, шахсӣ ва майдонҳои кишоварзӣ хароб гардида, одамон бехонаю дар ва кишвар ба хисороти вазнин гирифтор шуда истодааст.

Таъсири амалҳои террористӣ ва тарғиботи гурӯҳҳои ифротӣ дар кишвари мо тавассути шабакаҳои и