Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Хуҷанд: Аксияи "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" баргузор гардид

( 0 Овоз )

Тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд дар ҷараёни аксия ҳайати маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и донишгоҳ ба ҷавонон варақаҳои иттилоотиро дастрас намуда, доир ба рӯзгори ибратбахш, хизматҳои содиқонаву тақдирсоз дар назди халқу Ватан ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданд.

Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи Ватани азиз - Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз доштанд, ки "Дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ҳар яки мо ҷавононро водор месозад, ки баҳри пешрафти имрӯзу фардои кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ даҳчанд кӯшиш намоем".

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан