Хабарҳо
Ворух – не анклав - 17.09.2019 00:05
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:37
ВАРШАВА ОБСЕ. 16.09.2019. Суханронии намояндаи Анҷумани ҷавонони тоҷики Россия дар конфронси САҲА - 16.09.2019 23:33
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan - 16.09.2019 22:31
Заявление Пресс-центра Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - 16.09.2019 21:25
Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.09.2019 21:08
Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат, Камоли Ҳуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Палос - 16.09.2019 16:51
Кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва утоқҳои нозирони минтақавии Ҷамоати шаҳраки Палос аз таъмири куллӣ бароварда шуд - 16.09.2019 16:39
Суханрони намояндаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷкистон да САҲа - 16.09.2019 15:45

Баргузории маҳфили идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

( 1 Овоз )

15 майи соли 2019 дар тарабхонаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила маҳфили идона баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонГавҳар Шарофзода, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷтимоиёт, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фаъолзанон ва 25 оилаи намунавӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ  иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи байналмиллалии оила муборакбод намуда, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Баъдан, Гавҳар Шарофзода бобати арзишҳои оила ва оиладорӣ андешаронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи оила табрик намуд.

Дар рафти маҳфил ҳамзамон оилаҳои намунавӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти хеш нақлҳои ҷолиб карданд.

Маҳфилро таронаҳои санъаткорон шукӯҳи хоса бахшид ва дар охир оилаҳои намунавӣ бо туҳфаҳои Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маҳфили идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила