Бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар самти дастгирии қишри калонсоли ҷомеа ва собиқадорони меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, чанде қабл масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва Ҷамоати шаҳраки Консой дар арафаи Рӯзи байналмилалии оила сокини 102 солаи шаҳраки Консой – Тошбибӣ Аҳмадоваро аёдат намуда, бо ин шахси табаррук мулоқот доир намуданд.
Зикр бояд кард, ки очаи Тошбибӣ соҳиби чор фарзанд, 27 набера ва 18 абера мебошад. Фарзандону наберагонаш дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ифои вазифа доранд. Ҳамзамон, мавсуф беш аз 35 сол собиқаи корӣ дошта, дар кони маъдани шаҳрак (ҳоло корхонаи муштараки «Апрелевка») софдилона фаъолият бурдааст.
Зимни аёдат Тошбибӣ Аҳмадова шукронаи зиндагиву қисмат ва давлати соҳибистиқлол намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхориҳои рӯзафзунашон миннатдорӣ баён намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд