Гуруҳе аз фаъолони вилояти Туркистони Қазоқистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд

( 0 Овоз )

Чанде қабл ҳайати эҷодии Ширкати телевизион ва радиои «Айгак» ва гурӯҳи фаъолони шаҳри Шимкент ва вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифтанд. Ҳайати меҳмонон рӯзи 6 май вориди маркази вилоят гардида, азҚасри маданияти Арбоб, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол", бозори "Панҷшанбе", Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд» боздид намуда, бо вазъи зиндагии сокинони маҳаллаи "Шимкент"-и шаҳри Хуҷанд шинос гардиданд.

Ҳайати меҳмонон имрӯз ҳамчунин дар чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, сурат гирифт, иштирок намуданд.

Дар назар аст, ки меҳмонон ба шаҳри Истаравшан низ ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ боздид намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share