Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Машварати кории Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Рӯзи 6 май дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.

Дар машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулини соҳаи кишоварзӣ ҳузур доштанд.

Дар машварати корӣ ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки ба истиқболи ҷашни таърихӣ то соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 6500 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад ва бо мақсади назорати рафти корҳои ободонӣ муовинони Раиси вилоят ба шаҳру ноҳияҳо вобаста гардидаанд.

Сипас, муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовинони Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Анвар Яъқубӣ, Баҳоваддин Баҳодурзода ва Рустам Каримзода оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят гузориш доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шунидани гузоришҳои мутассадиён ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, бунёди ҳарчи бештари ҳаммом, кошонаи ҳусн, марказҳои саломатӣ дар деҳот, таъмири роҳҳо, ташкили корхонаҳои дӯзандагӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамзамон ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки нақшаи кишти пахтаву картошкаро иҷро намуда, ҷиҳати рӯёнидани ҳосили фаровон аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Машварати кории Раиси вилояти Суғд