«Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо!». Таҳти ин шиор дар Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардиданд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо!» як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот, футболи хурд ва волейбол байни ҷавонону наврасон доир гардиданд.

Дар ин мусобиқаҳо ҷавонон аз намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ғолибони мусобиқаҳо аз номи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Ифтихономаву Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур мубориза бо ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва донишомӯзиву хониши намунавӣ арзёбӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share