Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Қадршиносии ғолибони Фестивали вилоятии "Сад ранги чакан"

( 4 Овоз )

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Тавре муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ дар фестивали мазкур зикр дошт, чакан таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, он то кунун хусусиятҳои хоси миллии халқи тоҷикро дар худ нигоҳ доштааст. Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ аст ва он дар матоъҳои пахтагин ва абрешимин​ ​ дӯхта шуда, дар байни занони тоҷик шуҳрат ёфтааст.​

​ - Боиси ифтихори мост, ки, - қайд кард Назира Ғаффорӣ, - бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид «Чакан»- ро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.​

Таъкид гардид, ки санъати чакандӯзӣ аз насл ба насл, аз устод ба шогирд ба мерос гузашта, дар замонҳои қадим дар чакан бештар нақши офтоб, моҳтоб ва оташ, ки онҳоро ҳамагон муқаддас медонанд, дӯхта мешуд. Нақшу нигори чакан инъикосгари зебоиҳои табиат буда, чеварону тарроҳони чирадаст аз даврони қадим то имрӯз бо таровати хоса гӯё табиати Ватанро бо риштаҳои ранга дар рӯи матоъ инъикос мекунанд.

Сипас, аз рӯйи бахшҳои "Беҳтарин либоси кўдакона", "Беҳтарин либоси рўзмарра", "Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона",​ "Беҳтарин либоси расмӣ", "Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ" ғолибон муайян гардида, 18 нафар соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуданд.​ Ҳамзамон беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии фестивал роҳхат гирифтанд.​ ​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қадршиносии ғолибони Фестивали вилоятии "Сад ранги чакан"