Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

( 0 Овоз )

3 майи соли равон дар толори тарабхонаи «Дӯстӣ - Амирхон» - и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони сохторҳои мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Ҷаласаро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба натиҷаи кори Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҷеъ ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат, фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ, ҳифзу ҳуқуқи инсон, беҳтар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ин самт суханронӣ намуд.

- Шӯроҳои маҳаллӣ бояд фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, бахусус дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҳаракатҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёбад, - аз ҷумла зикр дошт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода низ дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф нақш ва мақоми Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷомеа шоиста ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, баҳри боз ҳам беҳтар фаъолият намудани Шӯро фикру андешаҳояшро баён дошт.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Шоназаров, директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» - и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев ва сардори Раёсати адлияи вилоят Мамлакат Раҳматзода доир ба мавзъҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори назар карданд.

Дар ҷаласа оид ба натиҷаи татбиқи пилотии ёрии ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод гардид.

Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ҷамъбаст намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласа дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Барномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Конфедератсияи Швейтсария доир гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон