Ғайрат Азиззода: 85 дарсади кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ҷавонон мебошанд

( 0 Овоз )

Рӯзи якуми май раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.

Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир шуд ва раиси ноҳия зимни суҳбат бо донишҷӯён иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави дастгириву пуштибониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои бо ҷойи корӣ таъмин сохтани ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

- Имрӯзҳо дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе беш аз 800 нафар ва дар муассисаҳои касбиву олии маркази вилояти Суғд қариб 2000 нафар ҷавонони ноҳия таҳсили илм мекунанд, - таъкид кард раиси ноҳия.

Ғайрат Азиззода ҳамзамон гуфт, ки беш аз 40 дарсади кормандони соҳаи маорифи ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Дар соҳаи идоракунии давлатии ноҳия низ раванди ҷавонгардонии кадрҳо давом дорад ва айни ҳол 85 дарсади кормандони дастгоҳи раиси ноҳияро ҷавонони то 35 сола ташкил мекунанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти ноҳия ҳамеша ба ҷавонон, ақлу заковат ва неруи онҳо такя мекунад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ барои донишҷӯёни камбизоату ятим кӯмакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол стипендияҳои раиси ноҳия супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share