Бахшида ба Рӯзи ҷавонон силсилачорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмиву маърифатӣ ва оммавию варзишӣ гузаронида мешавад

( 1 Овоз )

23 майи соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 апрели соли 2019, №185 ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон  ташкили силсилачорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани Фестивали дўстии ҷавонон дар деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ташкили мусобиқаҳои варзишии дўстона байни кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки ҷавонон ва наврасони синни тодаъватӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, конфронсҳои илмӣ, ба роҳ мондани аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кул ва ҷавонони камбизоат ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share