Эмомалӣ Раҳмон: «Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд»

( 0 Овоз )

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Раҷабмо Ҳабибулозода иброз дошт, ки бори аввал чунин як гурӯҳи калони кӯдакон аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

«Гуфтан мумкин аст, ки дар таҷрибаи кишварҳои дигар, ки кӯдакони худро аз Ироқ ва Сурия бармегардонанд, то ҳол чунин ҳолат набуд … Ҳамаи кӯдакон аз ташхиси тиббии аввалия гузаштаанд ва эҳтиёҷмандон кумаки зарурии тиббӣ расонида шуд», — гуфт ӯ ба хабарнигорон.

Ваколатдор зикр намуд, ки ҳоло маълум нест, ки чанд нафар кӯдакон аз Тоҷикистон дар Сурия ҳастанд, аммо ҳамон лаҳза, ки шахсияти онҳо аниқ шуд, барои ба Ватан баргардониданашон корҳо шурӯъ мешаванд. «Тавре Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд – ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд», — зикр намуд Ҳабибулозода.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷом додани расмиёти дахлдор, кӯдаконе, ки хешованд доранд, ба онҳо дода мешаванд, боқимондаашон ба хона-интернатҳо тақсим карда хоҳанд шуд.

 

Share