Ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ кор кардаанд, 704 000 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад

( 0 Овоз )

Ба муносибати 74-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, кӯмакпулиҳои яквақта дода мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 апрели соли 2019, №183 ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 2000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дастрас карда хоҳад шуд.

Ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

Ҳамин тавр, ба 73 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 3 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида 152 000 сомонӣ ва ба 368 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 552 000 сомонӣ, дар маҷмуъ 704 000 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share