Вохӯрии раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода бо донишҷӯён

( 0 Овоз )

Чанде пеш раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода бо ҷавонони ноҳияи Деваштич, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.

Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки шахсони барӯманди ноҳия, аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар, адибон Латофат Кенҷаева ва Зулфия Атоӣ доир гардид. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо донишҷӯён иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили ҷавонон шароитҳои заруриро фароҳам овардааст ва донишҷӯён бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

-Мо аз Шумо, ҷавонони саодатманди ноҳия, ки дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакат таҳсил менамоед, умедвории калон дорем. Зеро ҳар кадом Шумо баъди хатми донишгоҳ ва соҳибмаълумот шудан бояд баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоред,- изҳор дошт раиси ноҳия.

Дар фарҷоми вохӯрӣ барои донишҷӯёни камбизоату ятим кӯмакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share