Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

23 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, рафти корҳои саҳроӣ ва омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёрӣ ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар Раиси вилоят азпойгоҳи обкашии “Мирзочўл-1” боздид намуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бобати таъмири бинои пойгоҳ, чароғонкунии дохилу гирду атрофи он, пардохти музди маоши мутахассисон ва аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дастуру супоришҳо дод.​ ​

Қайд кардан ба маврид аст, ки пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл -1» дорои шаш дастгоҳи баландфишор буда, ҳар як дастгоҳи обкашӣ ба ҳаҷми 6 куб об мекашад.

Тибқи иттилои сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия Ибодулло Мансуров бо дастгирии роҳбарияти вилоят барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳия маблағҳои зарурӣ ҷудо гардид ва дар натиҷа иншооти обрасонӣ сари вақт ва босифат аз таъмир бароварда шуд.

Бояд зикр намуд, ки Зафаробод аз минтақаҳои асосии пахтакори вилоят маҳсуб ёфта, кишоварзон дар самти кишти зироати муҳими ашёи хоми саноатӣ ва истеҳсоли пахта таҷрибаи ғанӣдоранд. Ин аст, ки заҳматкашони ноҳия сол аз сол барои рушду такомули соҳа бо истифода аз усулҳои пешрафтаву риояи агротехникаи кишту парвариш ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

Дар аснои сафар Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Камола”, ки аз ҷумлаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия маҳсуб меёбад, боздид намуд. Хоҷагии деҳқонии “Камола” соли 2014 ташкил шуда,​ роҳбарии онро Гулчеҳра Нормаматова ба зимма дорад. Замини саҳмдорони хоҷагӣ 10 гектар буда, дар он пахтаи навъҳои хитоӣ кишт карда шудааст. Соли гузашта кишоварзони хоҷагӣ аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҳосили хушсифати пахта рӯёнидаанд.

Тавре масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, то ба санаи 22 - юми апрели соли равон дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки ба 87,7 фоизи нақша баробар мебошад.​ Раиси вилоят дастур дод, ки дар рӯзҳои наздик бояд нақшаи кишти пахта дар ноҳияба иҷро расонида шавад.

Дар рафти сафар Раиси вилоят инчунин аз хоҷагии деҳқонии “Ором-7”-и Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев, ки роҳбарии онро Далер Холиқов ба уҳда дорад, боздид ба амал овард. Хоҷагии деҳқонӣ соли 2014 ташкил шуда, майдони умумиаш 1,65 гектар мебошад. Кишоварзони хоҷагӣ имсол дар 1 гектар картошка кишт намудаанд.

Ба иттилои масъулин кишти картошка дар ноҳия аз 81 гектари соли гузашта ба 150 гектар расонида шудааст ва хоҷагидорон ният доранд, ки ҳосилнокиро бозҳам зиёд намоянд.

Дар ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба рушди соҳаи чорводорӣ ва афзоишу хушзоткунии чорво аҳамияти хоса дода мешавад. Соҳибкори маҳаллӣ,​ сарвари ҶДММ «Некқадам» Назарбек Ғоибназаров соли 2016 фермаи хусусии бузҳои зоти шведӣ ва фаронсавиро ташкил карда буд, ки имрӯзҳо фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин ферма 228 сар бузҳои навъи фаронсавӣ ва шведӣ нигоҳубин карда мешавад.

Зимни сафари кории хеш Раиси вилоят ба фаъолияти ферма ва сехи коркарди шири буз ва истеҳсоли маҳсулот аз он таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва барои боз ҳам беҳтар намудани корҳои фермерӣ ва дастгирии соҳибкорон дар назди роҳбарияти ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод