Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Мастчоҳ. Ниёзмандон метавонанд аз нуқтаҳои хизматрасонӣ ройгон маводи ғизоӣ дастрас намоянд

( 2 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Саидшариф Шарифови маркази ноҳия ҷиҳати расонидани кӯмак ба сокинони ниёзманд се нуқтаи хизматрасонӣ ташкил гардид.

Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия иттилоъ доданд, минбаъд ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз нуқтаҳои хизматрасонӣ маводи ғизоӣ дастрас намоянд. Ба иттилои манбаъ  иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ва шахсони хайрхоҳ дастгирӣ ёфта истодааст ва дар назар аст, ки дар сатҳи ҷамоатҳо низ чунин нуқтаҳо таъсис дода шавад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ташаббуси мазкурро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон муфиду саривақтӣ унвон карда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Ниёзмандон метавонанд аз нуқтаҳои хизматрасонӣ ройгон маводи ғизоӣ дастрас намоянд