Раиси вилоят намояндагони корхонаи автобусбарории “ЛиАЗ”-ро ба ҳузур пазируфт

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 23 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони корхонаи автобусбарории “ЛиАЗ”-и Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси вилоят иброз дошт, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” соли гузашта ба маркази вилоят 100 адад автобуси тамғаи “ЛиАЗ” ворид карда шуд ва автобусҳо ба беҳсозии вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодаанд. Таъкид гардид, ки дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво дар маркази вилоят гарм аст ва дохили автобусҳо бояд ба ҳарорати муътадил таъмин карда шавад. Дар ин росто зарур шуморида шуд, ки барои таъмини ҳарорати муътадил дар дохили автобусҳо мутахассисони корхона ба шаҳри Хуҷанд ташриф оваранд.

Намояндагони корхонаи «ЛиАЗ» аз ҳамкорӣ бо вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуда, маълумот доданд, ки аз ҷониби корхона ба маблағи 250 ҳазор доллари ИМА беш аз 280 номгуйи қисмҳои эҳтиётии гуногун барои хизматраоснии техникии автобусҳо ройгон ворид карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардид. Дар натиҷаи ворид намудани автобусҳои нав сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар ва  танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кучаҳои марказӣ кам карда шуд. Айни замон 100 автобус дар 7 хатсайр фаъолият дошта, ҳамарӯза ба 72-75 ҳазор нафар хизмат расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share