Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Лин

( 0 Овоз )

23 апрели соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Лин мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои уҳдадориҳои корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бунёди боз як корхонаи нав баррасӣ гардид.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин нақши Корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро дар рушди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент ва вилоят назаррас арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки  дар семоҳаи аввали соли равон дар корхонаи мазкур ба маблағи 563,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар заминаи корхона боз як корхонаи нав сохта шавад.

Чан Хо Лин бо изҳори ташаккур аз истиқболи самимӣ барои таваҷҷуҳи доимӣ ба роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд. Мавсуф зикр дошт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхона давра ба давра беҳтар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ зиёд гардида истодааст.

Чан Хо Лин ҳамзамон иттилоъ дод, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият барномаи рушд таҳия ва мавриди қабул қарор дорад. Интизор меравад, ки дар оянда сармояи бештар ҷалб карда шуда, дар асоси он ба фаъолияти корхона тақвият бахшида шавад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои судманд амалӣ ва уҳдадориҳои корхона иҷро карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят бо директори Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Лин