Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Таъсиси Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон

( 1 Овоз )

Бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли хониши 2018-2019 таъсис дода мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2019, №178 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур низомнома, ҳайати комиссия ва нақшаи тақсимоти стипендияи Раиси вилоят тасдиқ карда шудааст. Дар асоси низомнома барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 70 стипендия, барои магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 стипендия, барои аспирантон 15 стипендия ва барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 25 стипендия муқаррар гардидааст.

Интихоби довталабон барои дарёфти стипендия дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Ба озмун донишҷӯёни курсҳои 2, 3, 4 ва магистрантон, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, инчунин аспирантоне, ки ба дастовардҳои илмӣ соҳиб гаштаанд, пешниҳод мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таъсиси Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон